РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Самарқанд намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кори худ оғоз кард

Дирӯз дар нигористони “Чорсу”-и дар шаҳри Самарқанд намоиши асарҳои бадеии гурӯҳи рассомони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таҳти унвони «Симо ва ранг» кори худро оғоз кард. Дар ин бора аз рӯзномаи «Овози Самарқанд» хабар доданд.

Намоишгоҳи асарҳо бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи эҷодии  рассомони Ӯзбекистон ташкил гардида, дар он асарҳои панҷ рассом аз Тоҷикистон Илёс Мамадҷонов, Далер Миҳтоҷев, Баҳром Исматов ва аз ҷониби Ӯзбекистон Нуриддин Исоев ва Аҳмад Исоев  ба намоиш гузошта шудаанд.

Бояд гуфт, ки намоиш дар доираи амалӣ намудани муносибатҳои фарҳангии ду ҷумҳурии дӯсту бародар гузаронида мешавад.

Дар намоишгоҳ беш аз 50 асари рассомон ба ҳукми бинандагон ҳавола карда шудааст, ки дар онҳо усулҳои анъанавӣ ва сужетҳои замонавӣ, портрет ва пейзажҳоро дидан мумкин аст. Дар онҳо ифтихор аз муҳити атроф, Шарқ ва Ватан эҳсос карда мешавад.

Асарҳои намоишгоҳ на танҳо бо усули иҷрои худ, балки бо рангорангии жанрҳо низ аҳамият доранд.

Дар чорабинӣ, ки ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов, Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок карданд, ба мусаввирон ташаккурномаҳо тақдим гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram