РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндагони Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи миллии Қазоқистон вохӯрӣ карданд

20 октябри соли 2023 дар китобхонаи Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Фаробӣ вохӯрии кормандони консулгарии генералӣ бо донишҷӯён – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд, баргузор гардид. Дар ин бора аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмаато хабар доданд.

Дар вохӯрии мазкур муовини директори департаменти ҳамкории байналмилалӣ ва интернатсионализатсияи донишгоҳ Абдиман Жания Умирхановна ширкат варзид.

Зимни вохӯрӣ кормандони консулгарии генералӣ бо донишҷӯён дар шакли озод суҳбат гузаронида, ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас доданд.

Дар рафти вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, умеди калон дошта, мутахассисони баландихтисосро интизор аст, ки дар оянда барои рушди кишвар саҳми худро гузоранд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки ҳарчи бештар вақтҳои холигии худро ба омӯхтани касбҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, илму техникаи замонавӣ сарф намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram