РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Суғд ғолибони озмунҳои “Илм –фурўғи маърифат” ва​ ​ “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат”​ қадрдонӣ шуданд

21 октябри соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими қадршиносии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм –фурўғи маърифат” ва​ ​ “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат”​ баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ ғолибони озмунҳоро табрик гуфта, қайд намуд, ки​ озмунҳо таҳти сарпарастии Президенти ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, дар баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати аҳли ҷомеа нақши шоиста мегузоранд.

Тазаккур дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани барномаву ҳадафҳои бузурги давлату Ҳукумат дар самти рушди илм ва ҷалби бештари ҷавонону донишҷўён ба илмомузӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Чуноне таъкид гардид, даври​ аввали озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» бо иштироки ​ 42 ҳазору 718 нафар ​ довталаб дар муассисаҳои таълимӣ ва шаҳраку деҳоти вилоят дар сатҳи баланд гузаронда шуд.

Дар даври дуюми озмуни мазкур бошад, 8 ҳазору 729 нафар иштирок намуда, ба даври вилоятӣ 1 ҳазору 222 нафар роҳхат гирифтанд, ки аз онҳо 955 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ, 186 нафар донишҷўи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторанти муассисаҳои ​ таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 30 нафар омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабӣ ва намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.​

Аз рўи натиҷаи комиссияи озмун 120 нафар ғолиби даври вилоятӣ дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Дар озмуни “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” 35158 нафар, аз ҷумла 28512 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 681 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 2647 нафар донишҷўён, 120 нафар магистрҳо, 2983 нафар омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 нафар ходимони илмию адабӣ, 151 нафар аспирантон, унвонҷўён, номзадони илм, 13 нафар докторантон, 320 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, ба даври дуюми озмун 5507 нафар роҳхат гирифтанд.​

Дар даври дуюми озмун, ки давоми моҳи июн гузаронида шуд, 3923 нафар, аз ҷумла 3211 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 76 хонандаи муассисаҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 109 нафар донишҷў, 1 магистр, 395 омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ходими илмию адабӣ, 1 докторант ва 121 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, ба даври сеюми озмун 290 нафар роҳхат гирифтанд.

Комиссияи даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ​ дар вилоят 24 нафар ғолиби озмунро миёни иштирокчиён муайян намуд ва боиси ифтихор аст, ки дар озмун на танҳо насли калонсол, балки нафақахўрон низ ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.

Сипас, Раиси вилоят ба​ ғолибони даври вилоятии озмунҳо диплому мукофотҳои пулиро супорида, ба онҳо барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмун барору комёбиҳо орзу намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram