Рушди бахши хусусӣ, махсусан беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат мебошад ва бо ин мақсад тадбирҳои зиёде андешида шудаанд.
Лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” аз ҷумлаи чунин чорабиниҳои бузургмиқёсест, ки давоми 10 сол тамғаҳои миллиро муайяну қадрдонӣ менамояд. Он дар заминаи сиёсати иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, мақсади он дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тарғиби маҳсулоти онҳо дар кишвар ва берун аз он мебошад. Ин иқдом боиси он шуд, ки тамғаи корхонаҳо шинохта шуда, маҳсулоташон ташвиқ ва доираи харидоронашон зиёдтар гардид.
Имсол низ рӯзҳои 2, 3 ва 4-уми ноябр дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон – 2023”, дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ баргузор мегардад. Дар он молҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии зиёда аз 25 ширкатҳои ватанӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
Тамғаҳои интихобшуда аз ҳисоби корхонаҳои сохтмонӣ, шабакаҳои нуқтаҳои алоқа, савдо, муассисаҳои хизматгузор, истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрока дар намоишгоҳ намунаи дастовардҳои хешро ба намоиш мегузоранд. Давоми 3 рӯз шаҳрвандону меҳмонони кишвар имкон доранд, ки аз намоишгоҳ маҳсулоти ватанӣ ва хизматрасонии дилхоҳашонро бо нархҳои дастрас пайдо намоянд. Даромад озод аст.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Оҷонсии таблиғотии “Тайрон” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оила” соли 2013 ташкил шуда, тӯли 10 сол аст, ки дар байни соҳибкорони ватанӣ нуфуз ва эътибори баланд дорад.
Ба баёни роҳбари лоиҳа, директори Оҷонсии таблиғотии “Тайрон” Шаҳноз Ҳамдамова, дар ин муддат чандин ширкатҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ аллакай муаррифӣ шуда, тамғаи онҳо ҳамчун бренди боэътимод аз ҷониби харидорон шинохта шуда, доираи тиҷорат ва хизматрасониҳояшон васеъ шуд.
“Ширкатҳои мазкур таҷрибаи иштирок дар намоиш-фурӯшҳои калонро пайдо намуда, аллакай дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ бренди миллии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд, ки ин ба ғанӣ гаштани буҷҷаи кишвар ва рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд”, — гуфт Ҳамдамова.
Дар доираи лоиҳа ҳамасола намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ баргузор мегардад. Ҳар сол дар он молҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии зиёда аз 30 ширкатҳои ватанӣ ба намоиш гузошта мешавад. То имрӯз лоиҳа ҳудуди 300 ширкати истеҳсолкунандаи ватаниро ба харидорон муаррифӣ намудааст.