РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шоҳроҳҳои кӯҳии Тоҷикистон саддҳои муҳофизатӣ сохта мешавад

Дар Тоҷикистон дар баъзе қитъаҳои роҳҳое, ки шароити душвори кӯҳӣ доранд, деворҳои муҳофизатӣ сохта мешаванд. Дар ин замина дар чаҳорчӯби марҳилаи чаҳоруми лоиҳаи «Беҳтар кардани коммуникатсияи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» бо Қувайт созишнома баста шуд.

Тибқи он, оид ба лоиҳакашӣ ва назорати корҳои сохтмонии монеаҳои муҳофизатӣ дар роҳҳои автомобилгард хадамоти машваратӣ расонида мешавад, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти кишвар.Ширкати қувайтӣ дар шоҳроҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта санҷиш гузаронида, нуқтаҳоеро аниқ мекунад, ки дар он ҷо бехатарии роҳро мувофиқи талаботи стандарт беҳтар кардан лозим аст.Дар қитъаҳои муайяни роҳҳо гузоштани панҷараҳои муҳофизатӣ — системаҳое, ки мошинро дар хатти ҳаракати худ дар қитъаҳои муаян нигоҳ медоранд, ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи лоиҳа омӯзиши роҳҳои автомобилгард дар масири Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб – Хоруғ – гузаргоҳи Кулма (минтақаҳои махсусан хатарноки кӯҳии Ваҳдат – Данғара, Ш. Шоҳин – Шкев) гузаронида шуд.

Инчунин дар шоҳроҳи Ваҳдат – Рашт – Лахш – сарҳади Қирғизистон (минтақаҳои афзалиятноки Обигарм, Нуробод, ки дар он ҷо беҳтар намудани бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram