РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хатлон. Бахшида ба Рӯзи театри тоҷик ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

Имрӯз, 7 ноябр дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи театри тоҷик ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, аҳли ҳунарро ба ифтихори иди касбиашон муборакбод намуданд.

Зимни суханронӣ Фирӯза Шарифӣ аз дастовардҳои Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов ёдовар шуда, аз музаффариятҳои ҳунармандони ин боргоҳ дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» тӯли се соли охир ситоиш кард.

— Муҳимтарин дастоварди солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҳунармандони ин даргоҳ он аст, ки 25 августи соли 2016 бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, — қайд кард муовини раиси вилоят.

Бинои хуштарҳу замонавии театри мазкур дар самти фаъолияти касбии ҳунармандон мусоидати бештар мекунад.

Сипас ба ҳунармандони театри вилоятӣ Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ддавлатии вилояти Хатлон тақдим гардид.

Дар идома барноми ҷолиби консертӣ таҳти унвони «Ҷилваи ҳунар», ки аз порчаҳои гуногуни саҳнавӣ иборат буд, намоиш дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram