РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи истеҳсоли сементи ҶСП «Тоҷиксемент»-ро ифтитоҳ намуданд

7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхона дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар майдони 35 гектар ҷойгир буда, дар он иншооти истеҳсолӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла бинои маъмурӣ, маркази идоракунӣ ва ташхисгоҳ, анборҳо, ошхона ва ду истгоҳи таъмири техникӣ сохта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 17 сентябри соли 2019 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди боз як корхонаи азими саноатӣ санги асос гузошта буданд.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи сементи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент” дар як шабонарӯз 3 ҳазору 300 ва дар як сол 1,2 млн тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ то 1200 нафар мутахассисону кормандон ба кор ҷалб гардидаанд. Дар корхона дар маҷмуъ беш аз 700 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Маоши миёнаи коргарон 5100 сомонӣ ва мутахассисони техникию муҳандисӣ 7500 сомониро ташкил медиҳад.

Шумораи воситаҳои нақлиёти боркаш ва механизмҳои махсуси корхона зиёда аз 135 ададро ташкил медиҳад.
Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, сементи маркаҳои сулфат, 500 ва 400 истеҳсол мешаванд.

Дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент” истеҳсоли сементи сулфат ба роҳ монда шудааст, ки барои ҷумҳурӣ маҳсулоти стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар бунёди иншооти ҳаётан муҳим ва махсус, аз қабили неругоҳҳо, нақбҳо, роҳу пулҳо ва дигар сохтмонҳо истифода мешавад.

Корхона аз лиҳози экологӣ безарар буда, ба ҳавои атмосфера чанг ё дигар дуди ғализ хориҷ наменамояд ва дорои зиёда аз 50 ҳавотозакунак ё филтр буда, онҳо чанги сементро нигоҳ медоранд, ки дар коркарди дубораи маҳсулот истифода мешавад.

Хок, оҳаксанг, магнетит, сафедхок, қуми квартсит, гаҷсанг ва ангиштсанг, дар маҷмуъ ашёи хом барои истеҳсоли семент дар ин корхона аз ҳисоби захираҳои табиии ватанӣ, аз ҷумла конҳои дараи Харангон дастрас мешаванд.

Дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент” бинои сеошёнаи ташхисгоҳ бо беш аз 100таҷҳизоти замонавӣ фаъолият менамояд.

Коргарони ташхисгоҳ бо истифода аз дастгоҳҳои муосир ва таҷрибаи андӯхтаашон маҳсулоти корхонаро пурра аз ташхис мегузаронанд.

Корҳои сохтмонӣ, харид ва ба ҷумҳурӣ ворид намудани техника, дастгоҳу таҷҳизот ва дигар маҳсулоту лавозимот аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент” амалӣ шуда, корҳои лоиҳакашӣ, таъмин ва насби таҷҳизот аз ҷониби пудратчии асосӣ — ширкати Ҷиянсу Пенфей КО ЛТД ва Ширкати Линсени Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаронида шудаанд.

Бунёди боз як корхонаи нави саноатӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ба амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи устувор мегузорад.

Бояд гуфт, ки баъди ба кор даромадани Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент” корхонаи сементбарории “Душанбе”, ки аз соли 1942 солҳои дароз кор кардаву фарсуда шудааст ва ба муҳити зисти шаҳр ва экология таъсир мерасонад, то охири сол фаъолияташ манъ карда мешавад.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ шумораи корхонаҳои сементбарорӣ 15 ададро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 5 адад, вилояти Суғд 6 адад, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3 ва дар шаҳри Душанбе — 1 корхона.

Дар ҷумҳурӣ то соли 2014 ҳамагӣ 300,0 ҳазор тонна семент истеҳсол мегардид.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти семент дар моҳҳои январ — сентябри соли 2023 3,3 млн тонна бо арзиши 1,4 млрд сомониро ташкил дод. Дар ҳамин давра ҳаҷми содирот ба 781,6 ҳазор тонна ва ҳаҷми воридоти семент ба 25,3 ҳазор тонна баробар гардид.

Иқтидори корхонаҳои сементбарории ҷумҳурӣ дар умум 5,5 млн тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамасола зиёда аз 4,3 млн тонна семент истеҳсол гардида, дар баробари ин ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя содирот низ мегардад.

Аз рӯи маълумоти оморӣ, талаботи ҷумҳурӣ ба семент дар як сол 3,0 млн тоннаро ташкил медиҳад. Ҳаҷми содиротӣ 33,0 фоизи сементи истеҳсолшударо ташкил медиҳад.

Баъди ифтитоҳ ва шиносоӣ бо шароиту иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондани истеҳсоли сементи баландсифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро муҳим шуморида, дар ин самт ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз маҳалли ҷойгиршавии иншооти муҳими саноатӣ дар ҳамин ҷо ба роҳбарияти корхона супориш доданд, ки ба хотири таъмини тозагии экологӣ, озода нигоҳ доштани муҳити атроф, ҳифзи табиат ва ободонию сабзазоркунӣ дар атроф ва ҳудуди корхона 250 ҳазор бех дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram