РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Аввалин бор дар Тоҷикистон ҷарроҳии бурриши сиркулярии хирной (трахея) бо анастамози нуг ба нуг дар кӯдакон бомуваффақият гузаронида шуд

Аввалин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” ҷарроҳии нодир, бурриши сиркулярии хирной (трахея) бо анастамози нуг ба нуг дар кӯдакон дар як духтарчаи 10 сола, ки бо ташхиси саратони хирной ба маркази мазкур муроҷиат намуда буд, бомуваффақият гузаронида шуд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар доданд.

Ҷарроҳи маркази номбурда Ҷамшедов Ҷовид Шодихонович, ки амалиёти ҷарроҳии мазкурро гузаронид, мегуяд, қаблан ба чунин беморон, яъне беморони мубталои саратони хирной (трахея) дар кӯдакон танҳо ҷарроҳиҳои симптоматикӣ, яъне найчаи трахеостома барои нафаскашӣ гузошта мешуду халос, ки мутаассифона гирифторони ин беморӣ умри зиёд намедиданд.

Чунки трахея байни гулуханҷара ва бронхҳои асосӣ ҷой гирифтааст ва тавассути он ҳаво ба шушҳо мегузарад, ки дар натиҷа агар дар дарунаш омос пайдо шавад, беморон нафас кашида наметавонанд.

Хушбахтона, вазъи саломатии духтарчаи ҷарроҳшуда муътадил буда, он ба хона ҷавоб дода шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram
preload imagepreload image