РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

СИТОРАИ БАХТИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми роҳбарии сиёсӣ ва лидери миллӣ, пеш аз ҳама, рамзи шукуҳу шаҳомати давлату миллат аст. Ба ин маъно, роҳбари сиёсӣ ва лидери миллӣ дар баробари бар дӯш доштани вазифаву масъулияти зиёди сиёсию давлатӣ кафили сулҳу субот, оромишу амният ва ҳифзу нигаҳдории марзу бум ва миллият аст. Ин аст, ки танҳо шахсияте аз афроди саршиноси миллат ба мақоми раҳбарии олии давлатӣ ва лидери миллӣ сазовор аст, ки ҳадди ақалл аз чанд вижагии ҳувиятию ҳайсиятӣ ва сиёсию маъмурӣ бархурдор бошад: якум, виҷдони пок ва ахлоқи наку дорад; дувум, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва дидгоҳи миллӣ дорад; сеюм, дониш ва зарфияти зарурии сиёсӣ ва тахассусӣ дорад; чаҳорум, бо мушкилот ва масоили гуногун бар мабнои ақлу мантиқ бархӯрд ва доварӣ менамояд; панҷум, ташаббускор аст; шашум, ҷасорати фавқулодаи фардӣ дошта, довталабона ва ҳадафмандона манофеи миллию давлатиро ҳифзу ҳимоят менамояд; ҳафтум, аз масоили сиёсию геополитикии минтақа ва ҷаҳон огоҳ буда, ҳушёрию зиракии сиёсиро василаи муҳимми рушду тавсеаи миллию давлатӣ медонад; ҳаштум, ҷойгоҳ ва нуфузи миллат ва давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор месозад; нуҳум, барои таҳкиму тақвияти раванди демократикунонӣ ва мардумсолорӣ аз тамоми имконот истифода мебарад; даҳум, ҳамеша бар асоси манофеи миллӣ ва мавқеъгирии давлатӣ тасмим мегирад; ёздаҳум, посдорӣ аз арзишҳои миллӣ ва мероси бостонии миллатро аз муқаддасоти давлатӣ медонад; дувоздаҳум, барои расидан ба сатҳи зиндагии арзандаву шоиста пайваста талош меварзад; сездаҳум, сахткӯшу фидокор аст…

Он чи ки дар ин феҳрист ироа додем, бе камию костӣ ба шахсияти роҳбари сиёсӣ ва лидери миллии мо, Пешвои муаззами миллат—Эмомалӣ Раҳмон, ки бо дурахши ситораи бахти миллат ба сари қудрат омада, зиёда аз се даҳсола сарварии давлату миллатро ба уҳда доранд, созгор аст. Ин шахсияти сиёсӣ ва лидери миллӣ марҳалаи мудирияти сиёсиро аз фидокорӣ оғоз намуда, бо ҷуръату ҷасорати фавқулодаи фардӣ идома медиҳанд.

Чун дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва ин рӯзи таърихӣ бо шахсият ва ҳайсияти роҳбару лидери сиёсию миллӣ- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст, ишораи чанд нуктаи асосиро дар ин робита амри зарурӣ медонам:

Якум. Интихоби Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 16 ноябр таърихи ҷолибе дорад. Дар ин рӯз — 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкили таърихӣ доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд ва яке аз ибтикороти аввалине, ки дар ростои таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол рӯйи кор омад, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ буд, ки дар ҷараёни он Иҷлосияи таърихию сарнавиштӣ иттифоқ афтод. Дар он замина, соли 1994 бо қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ ва муқаррар гардидани шакли президентии идораи давлат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуданд. Ба ин тартиб, 16 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ҳамчун роҳбари сиёсӣ дар назди халқу Ватан савганд ёд намуданд. Ҳамчунин 15 ноябри соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар заминаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул намуданд ва дар асоси он ҳамасола 16 ноябр ба унвони Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат таҷлил мешавад. Ба сухани дигар, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни давлатдории миллӣ аст, ки бо номи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари сиёсӣ ва лидери миллӣ иртиботи бевосита дорад.

Дуюм. Бояд тазаккур дод, ки давлатсозӣ дар ҳеҷ давру замоне кори осоне набуду нест. Муҳимтар аз ин, барои сохтмони давлат, дақиқтараш, давлати миллӣ зуҳури шахсиятҳои калидӣ ва матраҳи сиёсӣ зарурат дорад. Аз тарафи дигар, шахсиятҳои сиёсӣ тавассути талошҳои шабонарӯзӣ ва пайвастаи худ давлатсозиро ба сифати маҳак ва меъёри фаъолияти расмию идорӣ қарор дода, дар ин самт ҷонфидоӣ ва азхудгузаштагӣ менамоянд. Вобаста ба ин, иҷрои муваффақи рисолати роҳбари сиёсӣ дар шароити давлатсозии миллӣ воқеияти замонию маконӣ маҳсуб мешавад. Махсусан, миллати тоҷик, ки тӯли ҳазор соли ахир аз вуҷуду ҳузури давлати миллӣ дар масири таърихи ҷаҳонӣ ранҷ мебурд, дар ибтидои солҳои навадуми асри бист имконияти сохтмони давлати миллиро ба даст оварда, фазо ва муҳити интихоби президенти давлати миллиро фароҳам сохт. Бар мабнои сифоти ҳасанаи шахсӣ ва ахлоқи миллию мардумӣ – маҳорат, матонат, ҳиммат, ҷасорат, садоқат, фазилат, шарофат, масъулият, адолат, самимият ва муҳаббат, Пешвои муаззами миллат — Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ муҳимтарин дастоварди  башарӣ — сулҳу субот, амнияту ҳамбастагӣ, ваҳдат ва оромиши миллию мардумиро дар минтақа фароҳам оварданд.

Сеюм. Роҳбари сиёсӣ ва лидери миллӣ- Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он солҳо аз тариқи минбарҳои ватанию хориҷӣ, махсусан баландтарин минбари ҷаҳонӣ- Созмони Милали Муттаҳид бо эҳсоси баланди масъулияти миллию давлатӣ атрофи  масъалаҳои ҳассоси миллӣ суҳбат менамуданд. Баъзан дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ ва Шурои Олии вақт ба кӯрдилон, бадхоҳон ва фурсатталабоне, ки дар дохили ҳукумат кор менамуданд ва ошкору ниҳонӣ алайҳи ҳадафҳои ниҳоии Сарвари давлат шӯру ғавғо меандохтанд, рӯйирост муқобилият менамуданд. Ҷуръат, ҷасорат, масъулият, шарофат ва инсонияти Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, ки бо душманони дохилию берунии давлати ҷавони миллӣ рӯйирост даргир шаванд ва нагузоранд ҳадафҳои миллӣ ва манофеи давлатӣ дар бозиҳои пасипардагии сиёсӣ барабас раванд. Саъю талошҳои зиёди Пешвои муаззами миллат дар он замони ҳассос таъсиррасон буданд ва Тоҷикистон ба марҳалаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ расид. Марҳалаи созиши миллӣ дар таърихи ватанӣ ҳодисаи фаромӯшнашаванда маҳсуб мешавад ва дар ин марҳала нақши Сарвари давлат нотакрор аст. Агар кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат  ва муборизаҳои сарсахтонааш намебуданд, на танҳо ба созиш ва ваҳдати миллӣ намерасидем, балки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли Афғонистон, майдони тохтутозҳои худхоҳону бегонагон мешуд. Ба ин масъала сарсарӣ ва сатҳӣ набояд нигарист.

Чорум.Таҷрибаи сулҳу ваҳдати миллии Пешвои миллат барои минтақа ва ҷаҳон дар ҳалли низоъ ва муноқишаҳои миллию мардумӣ ва динию сиёсӣ дар ҳар шакле омӯзанда аст. Танҳо як иқдоми ҳадафмандона ва пайгиронаи роҳбари сиёсӣ ва лидери миллӣ, ки тамомияти арзию ҳудудӣ ва ризоияту ҳамдигарфаҳмии миллиро тавассути сулҳу ваҳдат таъмин намуданд, басанда аст, то номашон дар таърихи ватанӣ, миллат  ва минтақавию ҷаҳонӣ абадан сабт гардад. Ба ин масъала имрӯзиён ва ояндагон низ баҳои воқеӣ хоҳанд дод. Дарки масъулият, фаҳми ҳувият, имон доштан ба асолат ва билохира шинохти рисолати роҳбарӣ Пешвои миллатро  ба қуллаи сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ расонидааст. Пешвои муаззами миллат ҳанӯз аз оғози фаъолияти роҳбарӣ бо дарки масъулияти амиқ аз самтҳои муҳимми сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ огоҳ гардида, доираи донишҳои муваффақи мактаби сиёсию давлатдории башариро фаро гирифта, дар заминаи сиёсатҳои бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҷрибаи кофии сиёсӣ ва мафкуравӣ андӯхта, бар асоси огоҳиҳои сиёсию иҷтимоӣ корсоз будани механизмҳои таҳким ва рушди бедории фикрӣ ва ҳувияти миллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои сиёсиро амиқ дарк намудаанд. Ин аст, ки бар пояи таҷрибот ва дониши сиёсӣ, Пешвои миллат самтҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва мафкуравии сиёсати давлатиро  дар мизони манофеи миллӣ андозагирӣ менамоянд. Дар сиёсати давлатдории Пешвои миллат манофеи миллӣ ва сиёсати давлатӣ тавъам ва ҳаммаъноанд.

Панҷум. Ростӣ, давлатдорӣ ва мудирияти сиёсӣ кори осон нест, чуноне ки як зумра назарияпардозони дохилию хориҷӣ мепиндоранд. Ба дараҷаи пешвои сиёсӣ ва, дар ниҳоят, лидери миллӣ сабзидан маҳорат, таҷриба, сиёсат ва ҷуръату масъулияти фавқулода тақозо менамояд. Раҳонидани Тоҷикистон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ, наҷоти марзу буми миллӣ аз нобудию завол, нест намудани нақшаҳои шуми бозигарони сиёсии минтақавӣ ва берунӣ, барқарор намудани хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, ки дар ҳоли варшикастагӣ ва нобудӣ қарор дошт, сохтани давлати миллӣ ва побарҷо  намудани сиёсати миллӣ ва соири иқдомоте, ки Пешвои миллат давоми солҳои роҳбарӣ анҷом додаанд, унвони «лидери сиёсӣ»-ро ба Пешвои муаззами миллат ато фармудааст. Имрӯз низ сиёсати давлатӣ, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат ҷараён дорад, ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ-иртиботӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръат ва татбиқи сиёсати миллӣ дар сатҳи иҷтимоиро пайгирона ва ҷиддан дунбол менамояд.

Шашум. Ҳамеша бо мардум будан, андаруни издиҳоми мардумӣ қарор доштан, аз инсонияту шарофат ҳарф задан, аз илтифоту самимият дар ҳар замоне кор гирифтан, ба дилу дидаи мардум наздик будан, ба ятимону дармондагон дасти кумак дароз намудан, аз аҳволи бепарасторон бархӯрдор будан, авлавияти сиёсати давлатиро ба самти маориф ва фарҳанг додан, амният ва манофеи миллиро саргаҳи кори давлатӣ донистан Пешвои миллатро байни хосу оми ҷумҳурӣ соҳибмақом ва пурэҳтиром гардонидааст. Ибтикороту ташаббусоти миллию мардумии Пешвои миллат он касро ба чеҳраи харизматик (роҳбари фавқулода) бадал намуда, ба сарманзили лидерии сиёсӣ ва миллӣ расонидааст. Муҳимтар аз ҳама, замоне ки мардум ва ҷомеаро хатарҳои гуногун аз ҳар тараф таҳдид менамоянд, шахсиятҳои варзидае рӯйи кор меоянд, ки дар байни омма аз маҳбубияти вижа бархурдор буда, бо бархурдорӣ аз таҷрибаҳои сиёсӣ, давлатдорӣ, фикрӣ, эҷодӣ ва дар маҷмуъ, ҳирфавӣ ва бо мадди назар гирифтани шароит ва вазъи минтақавию ҷаҳонӣ ҷомеаро дунболи худ бурда, аз таҳдиду хатарҳо эмин медоранд. Дар чунин вазъи ногувори ташаннуҷи бозиҳои геополитикӣ ба хотири ҳифзу нигаҳдошти тамомияти арзӣ ва ҳувияти миллӣ атрофи лидери сиёсӣ ва миллӣ сарҷамъ шудан амри зарурат маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи тоҷикистонӣ ба шахсияти харизматики Пешвои миллат  дар шароити феълӣ ниёз дорад ва таҳти роҳбарии Пешвои муаззами худ  фазои сулҳу амният, суботу оромиш ва ваҳдату якпорчагии миллиро барои имрӯзиёну ояндагон ҳифз менамояд.

Ҳафтум. Такя ба халқ ва дар хидмати мардум буданро роҳбари сиёсӣ ва лидери миллӣ Пешвои муаззами миллат – Эмомалӣ Раҳмон рисолати аслии худ медонанд ва ҳамеша ин навъ рисолатмандиро аз кулли хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти давлатӣ талабу тақозо менамоянд. Ин аст, ки халқ Сарвари давлатро дӯст медоранд ва эҳтиромашон менамоянд. Бинобар ин, аз дониш, таҷриба, масъулият ва ҷасорати Сарвари давлат мебояд омӯхту таҷриба андӯхт ва дар ҳалли мушкилоту муаммоҳои  гуногун  ин ду категорияи ахлоқӣ ва расмӣ-идориро меҳвари кор ва фаъолият қарор дод. Ба ин маънӣ, он чи ки Сарвари давлат тайи фаъолияти раҳбарӣ анҷом додаанд, Пешвои миллатро ҳамчун эҳёгари таърих, ойину суннатҳои миллӣ, бунёдкори имрӯз ва роҳнамои фардои миллат муаррифӣ менамоянд.

Фарҳод РАҲИМӢ,
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram