РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои истиқоматиро барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатӣ ифтитоҳ намуданд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои истиқоматӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 14 ҳуҷра бо тамоми шароити зарурӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаҳои истиқоматиро ба оилаҳои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатӣ супорида, онҳоро ба ин муносибат табрику таҳният намуданд.

Иншоот дар шаҳри Гулистон дар асоси дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати кӯтоҳ бунёд гардидааст.

Бино дорои хонаҳои 1 ва 2-ҳуҷрагӣ буда, корҳои сохтмонӣ дар он бо ҷалби 20 сохтмончии маҳаллӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд. Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон мебошад.

Дар бинои нав 6 нафар аз соҳаи маориф, 4 табиб, 2 хизматчии давлатӣ, як корманди соҳаи фарҳанг ва як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба хонаи истиқоматӣ ниёз доштанд, бо манзили зист таъмин гардиданд.

Ҳуҷраҳои бино бо тамоми шароити зарурии рӯзгор ҷиҳозонида шудаанд. Намои берунӣ ва дохили биноро бо санъати меъмории миллӣ оро додаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити зисту зиндагонӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатӣ дар иншоот соҳибони хуштолеи онҳоро ҷиҳати равона намудани малакаю кордонӣ дар самти ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ роҳнамоӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram