Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми ноябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи идона баргузор шуд.
Ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳаммияти зиёди сиёсию тарбиявист. Бо таҷлили ин рӯз ҷомеаи кишвар, қабл аз ҳама, ба дарки нақши Президент дар рушду пешрафти давлат мерасанд. Инчунин, нақши ниҳоди президентӣ дар таҳкиму тақвияти муносибатҳои ҷамъиятию таъмини амнияти миллӣ дарк карда мешавад.