РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Остона таҷлил гардид

17 ноябри соли 2023 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи тақдиросози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Е. Конуспаев, Сафири Канада дар Тоҷикистон А. Хамсон, намояндагони диаспора ва академияи хореографии “НОМАД” иштирок намуданд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар доданд.

Сафири Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода дар бораи аҳамияти тақдирсозу таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол ва нақши меҳварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдату пойдории миллӣ, арзишҳои миллӣ, ҳифзи ҳофизаи таърихӣ, рушди босуботи ҷомеа ва мавқеъи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қайд намуд.

Дар чорабинии зикршуда шиору овезаҳои ҷашнӣ бахшида ба гиромидошти ҷашни зикршуда ба намоиш гузошта шуда, пешкаши ҳозирин санъати волои тоҷикӣ ва таомҳои миллӣ пешниҳод гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram