Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо муовини роҳбари генералии ширкати сармоягузории «Jinrui Investment Company» Ванг Ҳао ва муовини роҳбари ширкат Вей Cяо Дон мулоқот намуд, ки зимни он ширкат тасмим гирифт ҷиҳати коркарди ниҳоӣ ва содироти лимӯ бо вилояти Хатлон ҳамкорӣ намояд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имконияти васеи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф мебошад ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рушди соҳибкорӣ ва махсусан барои соҳибкорони хориҷӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намудааст.
Дар мулоқот намояндагони ширкат тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати коркарди ниҳоӣ ва содироти лимӯ бо вилояти Хатлон ҳамкорӣ намуда, барои боз ҳам сифатнок намудани маҳсулоти кишоварзӣ бо деҳқонон даврҳои омӯзишӣ гузаронанд, ки ин ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки «Jinrui Investment Company» ширкати муштараки Ҷопону Чин ба ҳисоб рафта, асосан ба хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла лимӯ ва гелос машғул аст. Макони асосии сармоягузории ширкат дар шаҳри Осакаи Ҷопон ва вилояти Гуандуни Чин мебошад.