Аз 16 то 18 ноябри соли равон дар бинои Ситоди генералии Эрмитажи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Форуми Xl-уми фарҳангҳои муттаҳид баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати фаршанги мамлакат хабар доданд.
Дар форум намояндагони 73 кишвари ҷаҳон, мутахассисон ва коршиносону ходимони фарҳангу ҳунар ширкат варзиданд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш Вазири фарҳанг Давлатзода Зулфия Давлат ва шаш нафар коршиносону мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки иштирокчиёни ҳамоиш дар бахшҳои гуногун, асосан дар мавзӯъҳои соҳаи фархангу ҳунар суханрониҳо карданд.
Ҳамзамон, Вазири фарханги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия дар ҷараёни баргузории форум ду маротиба баромад намуда, вобаста ба фарҳанг, баргузории чорабиниҳо, сафарҳои ҳунарӣ баромади пурмӯҳтаво кард, ки намояндагони фарҳанги зиёда аз 40 давлати дунё иштирок доштанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки рӯзи 17 ноябри соли ҷорӣ мулоқоти дуҷониба миёни Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири фарҳанги Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар доираи баргузории форум намояндагони давлатҳои иштирокчӣ нақшаҳои табодули минбаъдаи фарҳангӣ, сафарҳо ва чорабиниҳои дигари соҳаро мавриди муҳокима қарор доданд.
Рӯзи 17 ноябр Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар чорабинии умумии анҷуман ширкат варзида, бо иштирокчиён гуфтугӯи самимона доир намуд.
Дар ҷараёни баргузории ин ҳамоиш, ки аз 16 то 18 ноябр баргузор гардид, дар шаҳри Санкт-Петербург барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ доир шуда, сокинон ва меҳмонони хориҷӣ аз як қатор осорхонаҳо ва намоиши нигораҳои таърихиву фарҳангӣ дидан намуданд.
Дар доираи баргузории форум Барномаи ҳамкории фарҳангӣ миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия аз ҷониби вазирони фарҳанги ду кишвар барои солхои 2024-2026 ба имзо расид.