17 ноябр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46-и Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ифтитоҳи иншооти соҳаи маориф таъкид кард, ки дар мамлакат ба рушди ин соҳаи муҳим таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳо даҳҳо мактабу кӯдакистон бунёд карда мешавад.
Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46, воқеъ дар деҳаи Ҷигда аввали соли равон шуруъ шуда буд.
Сохтмон бо дастгириву мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, соҳибкорону саховатмандон анҷом ёфтааст. Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ зиёда аз 350 ҳазор сомониро дарбар мегирад.
10 синфхонаи иловагӣ барои 500 хонанда дар 2 баст пешбинӣ гардидааст.
Раиси вилоят ба масъулини соҳаи маорифи ноҳия барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас супоришҳо дод.
Дар идомаи сафар роҳбари вилоят ду нафар собиқадори меҳнат аёдат карда, бо сохтмону васлу насби таҷҳизот дар фабрикаҳои ресандагӣ ва ҷӯроббофии ноҳия шинос шуд.