РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА)

24.11.2023 22:46, Озарбойҷон

Муҳтарам Илҳом Алиевич,
Ҳамкасбони муҳтарам,
Дӯстони гиромӣ,

Қабл аз ҳама, миннатдории амиқи худро ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович Алиев барои меҳмоннавозии анъанавӣ ва дар сатҳи баланд доир намудани саммит иброз менамоям. 

Озарбойҷони бародарро бо раёсати муваффақона дар Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) муборакбод мегӯям.

Инчунин, ба комиссияҳои минтақавии Созмони Милали Муттаҳид барои саъю талошҳои бисерсолаашон дар самти дастгирии техникӣ ва дигар кӯмакҳо ба фаъолияти СПЕКА арзи ташаккур менамоям.

Имсол мо солгарди таъсисёбии Барномаро ҷашн мегирем.

Тайи бисту панҷ соли гузашта сохтори мазкур дар рушди ҳамкориҳои иқтисодии байни кишварҳои иштирокчӣ саҳми муайян гузошт.

Фаъолияти он ба мусоидат кардан дар истифодаи оқилонаи захира ва имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати рушди устувори ҳар як кишвар ва минтақа, дар маҷмуъ, равона шуда буд.

Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар чорчӯби Барномаи СПЕКА аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад.

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Барнома намояндагони кишвари мо дар кори он фаъолона иштирок менамоянд.

Кишварҳои иштирокчӣ дорои захираҳои бузурги нерӯи кориву табиӣ, зарфиятҳои қобили таваҷҷуҳи энергетикӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ мебошанд.

Аз ин рӯ, вазифаи мо дар марҳилаи пешомад бояд аз истифодаи бештар самараноки ин саҳнаи нодири ҳамкорӣ барои пешбурди фаъоли ҳамгироии минтақавӣ дар ҳамаи самтҳои мазкур иборат бошад.

Мақсаду вазифаҳои СПЕКА ба авлавиятҳои иқтисоди миллӣ ва ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли ду ҳазору сиюм (2030) мутобиқат мекунанд.

Дар ин замина Тоҷикистон афзоиши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро бо кишварҳои минтақа, ки яке аз афзалиятҳои фаъолияти Барномаи СПЕКА мебошад, муҳим медонад.

Вазни хоси ҳамаи кишварҳои иштирокчии Барнома дар тиҷорати  хориҷии Тоҷикистон қариб 26 фоизи ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад. 

Кишвари мо ҳамчун раиси Гурӯҳи СПЕКА оид ба савдо ба рушди устувори мубодилаи мол байни кишварҳои минтақа саҳми худро мегузорад.

Мо ба амалан ҷорӣ намудани расмиёти содда  кардани  савдо дар доираи татбиқи стратегияи дахлдори Барнома аҳаммияти муҳим медиҳем. 

Мо бар онем, ки ин санад ба татбиқи амалии меъёру стандартҳо ва тавсияҳои марбут ба истифодаи таҷрибаи пешрафта дар ин соҳа мусоидат хоҳад кард.

Тоҷикистон алоқаманди истифодаи ҳамаи василаҳо ҷиҳати тавсеаи имкониятҳои тиҷорат бо кишварҳои иштирокчӣ мебошад.   

Ба афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила, бешубҳа, тавсеаи робитаҳои нақлиётӣ мусоидат хоҳад кард.

Вобаста ба ин мусоидат ба кишварҳои иштирокчии Барномаи СПЕКА ҷиҳати рушди зерсохторҳои нақлиётӣ иқдоми саривактӣ мебошад.

Дар ин замина пайвастани онҳо ба долонҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ, ҳамчунин содда ва гуногунсамт кардани хатсайрҳои нақлиётӣ низ хеле муҳим аст.    

Инчунин, пешниҳод менамоем, ки имконияти ҳамгироии фаъолияти марказҳои тақсимоти яклухт дар минтақа мавриди баррасӣ қарор гиранд.

Ташаббуси мазкур ба интиқоли бефосилаи маҳсулоти кишоварӣ миёни кишварҳо, зиёд кардани содироти онҳо ба кишварҳои сеюм ва дар маҷмуъ, афзоиши тиҷорати мутақобила дар дохили минтақа мусоидат хоҳад кард.

Иштирокчиёни муҳтарам,

Истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои обиву энергетикии Осиёи Марказӣ ҳамчун афзалияти дигари фаъолияти Барномаи СПЕКА муайян шудааст.

Дар ин самт мо омодаем, ки бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ҳамкории созандаву судмандро ба роҳ монем.

Мо ният дорем, ки дар оянда иқтидори истеҳсоли “энергия сабз”-и аз ҷиҳати экологӣ тозаро ҳамчун заминаи асосии пешбурди “иқтисоди сабз” ду баробар афзоиш диҳем.

Ба таври самаранок мавриди истифодаи минбаъда қарор додани захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла бо иштироки кишварҳои иштирокчии Барнома метавонад ба рушди бозори умумии манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар минтақа саҳми назаррас гузорад. 

Тағйирёбии иқлим ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ барои минтақаи Барномаи СПЕКА боқӣ мемонад.

Яке аз нишондиҳандаҳои ин раванд харобшавии манбаъҳои захираҳои об ба шумор меравад, ки дар навбати худ ба таври маҷмӯъ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои мо нақши муҳим доранд.

Аз ин рӯ, масъалаҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи манбаъҳои об ва дигар захираҳои табиӣ бояд дар маркази рӯзномаи кори Барномаи мо боқӣ бимонанд.

Вобаста ба ин, таъсиси абзорҳои дахлдори ҳамкориро дар ин самтҳо дар доираи Барномаи СПЕКА зарур мешуморем.

Иштирокчиёни муҳтарам,

Дар марҳалаи дарпешистода дар амал ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ метавонад яке аз самтҳои дигари ҳамкориҳо дар доираи Барнома бошад.

 Дар чорчӯбаи “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040”, ки соли гузашта қабул гардидааст, кишвари мо дар ин самт иқдомоти мушаххас андешида истодааст.

Пешниҳод дорем, ки  дар пойтахти Тоҷикистон Маркази СПЕКА оид ба рушди зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад.

Истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ҷузъи таркибии рушди иқтисоди кишварҳои мо мебошад.

Мо дар Тоҷикистон ҷиҳати марҳила ба марҳила рақамӣ кардани ҳамаи соҳаҳои иқтисод, идораи давлатӣ ва бизнес саъю талоши зарурӣ ба харҷ дода истодаем. Консептсия ва Барномаи рушди “Иқтисоди рақамӣ” қабул шудаанд.

Пешниҳод дорем, ки дар чорчӯби Барномаи СПЕКА ҳамкории ҷонибҳо ҷиҳати рақамикунонии мубодилаи гуногунвасилаи маълумот ва санадҳо оид ба самтҳои транзитӣ дар долонҳои минтақавии нақлиётӣ фаъол карда шавад.

Омодагии худро ҷиҳати гузаштан ба ҳамкории бештар сифатноки кишварҳоямон дар соҳаи тиҷорати электронӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои иштирокчиёни фаъолияти тиҷоратӣ изҳор менамоем.

Бо мақсади тақвияти ин раванд андешидани чораҳои заруриро оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки таъсиси  паркҳои технологӣ ва омода кардани мутахассисони касбии соҳаи технолгияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ   мувофиқи мақсад медонем.

Ҳозирини муҳтарам,

Ба туфайли ҳамкорӣ дар чорчӯби Барномаи СПЕКА тайи давраи сипаришуда мо таҷрибаи зиёд андӯхтем, ки онро метавонем барои мутобиқсозии фаъолияти он ба тамоюлҳои ҷаҳони муосир истифода барем. 

Дар ин робита Тоҷикистон ҷонибдори ғояи таъсис додан Котиботи СПЕКА мебошад.

Мо бар онем, ки фаъолияти мақоми нави доимӣ  бояд тибқи авлавиятҳои рушди иқтисодии ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ сурат гирад.

Омодаем, ки пешниҳодҳоро оид ба сиға ва макони ҷйгиршавии Котибот ба таври созанда баррасӣ намоем.

Ба назари мо вақти он расидааст, ки дар доираи Барнома лоиҳаҳои муштараки воқеан амалкунанда  ба татбиқ расонида шаванд.

Мо ғояи таъсис додани Бунёди мақсадноки СПЕКА-ро ба мақсади сафарбар намудан ва ҷалби захираҳои молиявии кишварҳои иштирокчӣ ва созмонҳои  донорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар давлатҳои иштирокчии Барнома дастгирӣ менамоем.

Мехоҳам махсус зикр намоям, ки шахсан Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович, дар фаъолияти СПЕКА дастикам ба ду дастоварди муҳим ноил гардидед.

Якум, дар 25 соли таърихи СПЕКА бори нахуст онро ба сатҳи сарони давлатҳои иштирокдор боло бурдед.

Дуюм, сарфи назар аз муддати тӯлонии идома ёфтани масъалаи таъсиси Фонди эътимоди СПЕКА, ба Шумо муяссар шуд, ки дар давоми як соли раёсати худ онро муваффақона ҳал намоед.

Ҳамкасбони гиромӣ,

Дар фарҷом мехостам миннатдории худро ҷиҳати дастгирии раёсати   Тоҷикистон дар СПЕКА барои соли ояндаи 2024 изҳор намоям.

Омодагии худро ҷиҳати дар якҷоягӣ бо кишварҳои иштирокчӣ гузоштани саҳми сазовор дар ноил гардидан ба вазифаҳое, ки дар чорчуби Барнома муайян шудаанд, иброз менамоем.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram