28 ноябри соли 2023 дар Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаи нашриявии “Ирфон” намоиш-фурӯши китобҳо баргузор гардид. Дар намоиш китобҳои жанрҳои сиёсию адабӣ, аз ҷумла асарҳои тозанашри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо як чанд забон тарҷума ва нашр шуданд, ба маъраз гузошта шуданд. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.
Ҳайати кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ аз нашрияҳои пешниҳодшуда дидан намуд, аз китобҳои Пешвои миллат ва дигар намунаҳои ҷолиб бархурдор гардиданд.
Намоишгоҳи мазкур барои омӯхтани таърихи муосир ва нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди давлати Тоҷикистон имконияти хубро фароҳам овард.