РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе. Пагоҳ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мешавад

Пагоҳ, соати 10:00 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун доир гардиданд. Аз ҷумла, ба ин муносибат дар мамлакат вобаста ба ҳаёту фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров нишасту ҳамоишҳо доир шуда, нашри китобу мақола оид ба нақши китоби «Тоҷикон» дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ амалӣ шуд.

Инчунин моҳи декабр даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ҷамъбаст гардида, ғолибону ҷоизадорони он қадрдонӣ шуданд.

Бобоҷон Ғафуров  моҳи декабри соли 1908  дар рустои  Исфисор, ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омадааст.

Бояд гуфт, ки фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст. Солҳои дароз ӯ ба таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул буд.

Осор ва фаъолияти илмиву фарҳангии Бобоҷон Ғафуров асосан ба тарғиб ва ба таври илмӣ асоснок намудани гузаштаи таърихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии миллати тоҷик нигаронида шуда буд.

Аллома Бобоҷон Ғафуров муаллифи қариб 400 асару мақола оид ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи ҷаҳонӣ мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни дунё чоп шудаанд. Асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун бо теъдоди зиёд ба табъ расидаанд. Бо ташаббус ва таҳти таҳрири ӯ танҳо бо забони англисӣ қариб 30 асар дар мавзуъҳои муҳими таърихи мамлакатҳои Шарқ нашр гардидаанд. Дар байни осори вай китобҳои бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» ва «Тоҷикон» ҷо мегиранд. Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ «Тоҷикон» миқдори зиёда аз 2000 сарчашмаи дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода намудааст.

Шоҳасари ӯ «Тоҷикон»  соли 1972 дар Москва ба табъ расид. «Тоҷикон» ба забонҳои ҷопонӣ ва полякӣ тарҷума ва нашр шуда, ҳамчунин дар Афғонистон ва Эрон ба табъ расид. Ин асар аз тарафи маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳои Шарқ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ эътироф шуд ва ба таври сазовор арзёбӣ гардид. Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо дар ҳақиқат заминаи ҷиддӣ гардид. Маҳз ба ҳамин хотир ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии Ватан — «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  китоби «Чеҳраҳои мондагор» иброз доштаанд: «Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шахси покзамир ва олими дурандеш аз таърихи гузаштаи халқҳо, пеш аз ҳама, лаҳзаҳоеро меҷуст, ки ба созандагӣ, дӯстӣ ва қаробати миллатҳову тамаддунҳо мусоидат намуда тавонанд. Таҳқиқоти ӯ доир ба омилҳои болоравӣ ва заволи давлати Сомониён, саҳми Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Муҳаммад Иқбол ва амсоли инҳо дар тамаддуни башарият мисолҳои равшане мебошанд, ки ба густариши равобити илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон ва дар айни замон таҳкими худшиносии миллии тоҷикон мусоидат намудаанд».

Бобоҷон Ғафуровро чун сиёсатмадори варзида дар миқёси ҷаҳон, хусусан дар Шарқ хуб мешинохтанд. Шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз дар бораи Бобоҷон Ғафуров чунин гуфта буд: «Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл бузургтарин фарзанди Машриқзамин мебошад».

Заҳмату талоши бисёрсолаи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм маҳз аз ҳамин нукта иборат аст:  ӯ исбот намуд, ки халқи тоҷик қадимтарин мардуми Осиёи Миёна ва ориёӣ мебошад. Воқеан ӯ дар ташаккули худшиносии миллии мардуми тоҷик саҳми беандоза гузоштааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram