РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикикистон ва Қатар ҳамкориҳоро дар самти ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд

10 декабри соли равон дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28) дар шаҳри Дубайи Аморати Мутаҳидаи Араб вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Давлати Қатар — ҷаноби доктор Фолеҳ бин Носир баргузор шуд. Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикикистон хабар доданд.

Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар самтҳои тағйиребии иқлим баррасӣ гардид. Аз ҷумла зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла муҳофизати ҳайвоноти ваҳшӣ ва растаниҳои зери хатари нобудшавӣ қарордошта, парвариши лочин, мубодилаи стратегия ва таҷриба дар соҳаи қонунгузории экологии вобаста ба шикори танзимшаванда ва ғайра.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумита Шерализода Б. А. доир ба саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи кишвар ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим ибрози назар намуд. Ҳамзамон, вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Давлати Қатар ҷнақши Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ карданд, муваффақ анҷом ефтани Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд таъкид намуданд

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ оид ба ҳамкориҳои густурда дар самтҳои ҳифзи муҳити зист доир шуда, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба мувофиқа расиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram