РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо муовини якуми Дабири кулли СММ мулоқот кард

15 декабри соли 2023 мулоқоти намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини якуми Дабири кулли СММ хонум Амина Муҳаммад доир гардид.  Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Зимни мулоқот мавзуъҳои мубрами ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, ба хусус обу иқлим, Ҳадафҳои рушди устувор ва вазъи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар робита ба масъалаи обу иқлим, ҷонибҳо хусусан вобаста ба пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби СММ-2023 таваҷҷуҳ намуда, омодагии худро ҷиҳати идома додани ҳамкории судманд дар ин самт иброз доштанд. 

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram