Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши корҳои эҷодии магистрантон баргузор шуд. Дар ин бора аз донишкадаи мазкур хабар доданд.
Дар намоиш маҷмуи корҳои эҷодии магистрантони ихтисосҳои дизайни костюм ва газвор, мусаввирии дастгоҳӣ, санъати ороиши амалӣ ва дизайни дохили бино, дар маҷмуъ зиёда аз 40 кори эҷодии баландмазмун ҳамчун маҳсули заҳмати шогирдони бахш ба маърази тамошо гузошта шуд.
Намоиши корҳои эҷодии магистрантони донишкада нишонаи таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии мамлакат ба рушди соҳа буда, дар ин замина тайёр намудани мутахассисони баландпояи соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн баҳри таъмини кадрҳои илмӣ ва илмии педагогӣ дар саросари ҷумҳурӣ яке аз ҳадафҳои асосии раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар намоиш ёдовар гардид, ки имрӯз дар бахши магистратура, аспирантура ва докторантураи Донишкада қариб 70 магистрант аз рӯйи 7 ихтисос ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Дар ин бахш барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва эҷодии магистрантон беҳтарин мутахассисони варзидаи соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, аз қабили арбобони ҳунари Тоҷикистон, докторони илм, профессорон, номзадони илм, дотсентон ва муаллимони калон ҷалб гардида, дар тарбия, роҳбаладӣ ва роҳнамоии магистрантон дар самти илму эҷод саҳми шоён мегузоранд.