РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон оид ба нақши «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар таҳкими ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир шуд

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа  зери унвони «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар таҳкими ҳувияти миллӣ» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд. Дар ин бора аз донишкадаи мазкур хабар доданд.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки омӯзиши асрҳои гузашта аз нуқтаи назари таърих, аз ҷумла шоҳасари  аллома  Бобоҷон Ғафуров — китоби  «Тоҷикон» ба мо имкон медиҳад, ки тамоми падида ва воқеияти гузаштаро баррасӣ ва таҳлил намоем, сабабҳои бурду бохти халқи тоҷикро муайян созем ва  аз он сабақ бардорем.

Дар  таҳкими  ҳувияти миллӣ  ва  худшиносии миллӣ китоби  «Тоҷикон» нақши  муҳим  дорад, чунки таърих яке  аз  унсурҳои  муҳими  худшиносии миллӣ мебошад.

Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо такони ҷиддӣ гардид. Арзиши илмии ин асари бунёдӣ ниҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини халқи тоҷик шинос намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram