РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Соли 2024 дар Тоҷикистон баргузории Ҳафтаи фарҳанги Қатар дар назар аст

Соли 2024 дар Тоҷикистон баргузории Ҳафтаи фарҳанги Қатар дар назар аст. Ин масъала дар шаҳри Душанбе зимни вохӯрии ҳайатҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Давлати Қатар баррасӣ шуд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот вобаста ба фаъолияти вазорат ва ҳамкории он бо муассисаҳои фарҳангии давлатҳои дӯсту бародар ибрози андеша гардид.

Ҳамзамон ҷонибҳо баргузории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатарро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Давлати Қатар барои ҳарду давлат иқдоми хубу мутақобилан судманд арзёбӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram