РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ доир ба Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Омӯзиши нуктаҳои меҳварии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки ҳайати профессорон, устодон ва кормандон ҳамоиши илмӣ доир гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хабар доданд.

Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Дониёр Сангинзод иброз дошт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳ ба мактабу маориф ҷойгоҳи шоиста дорад. Зеро рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бе рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Тавре дар Паёми Президенти Тоҷикистон таъкид шудааст, рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.

Дар ҳамоиш оид ба масъалаҳои дигари меҳварии ин ҳуҷҷати ниҳоят муҳим, ба мисли таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба сифати таълим, омода намудани мутахассисони соҳибкасб, чопи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ сухан рафт.

Иштирокдорон дар мавзуъҳои «Бозтоби масъалаҳои ҳуқуқӣ дар Паёми Президенти Тоҷикистон», «Инъикоси масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷавонон дар Паёми Президенти Тоҷикистон», «Саҳми Паёми Президенти Тоҷикистон дар баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа», «Нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ» ва «Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон дар Паёми Президенти Тоҷикистон» табодули назар намуданд.

Иброз гардид, ки воқеан Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ ба гурӯҳи мамлакатҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 мамлакати таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.

Дар хотима ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ ва устодон дар робита ба ишғоли ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» дар оинаи таърихи миллат», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тақдим гардид.

Таъкид гардид, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба ҳар фарди ҷомеа ба сифати дастури раҳнамунсоз ва ҳидоятгар хизмат намояд ва ҳамагон дар ҳамбастагӣ дар татбиқи амалии нуктаҳои он саҳм гузоранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram