РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Расадхонаи шаҳри Теҳрон боздид намуданд

Дар идомаи рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати боздид ба Расадхонаи шаҳри Теҳрон ташриф оварданд.

Расадхонаи шаҳри Теҳрон дар ҳудуди маҷмааи Бурҷи милод ҷойгир буда, маркази бузурги маълумотҷамъоварии идоравӣ барои ниҳодҳои давлатии шаҳр, аз ҷумла аъзои Шӯрои шаҳри Теҳрон мебошад.

Дар маркази мазкур маълумот бо истифода аз аксҳои фазоии шаҳрдории Теҳрон, харитаи сеандозаи Теҳрон, системаи харитасозии Теҳрон, инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаи шаҳрӣ таҳия ва пешниҳод мегардад.

Тамоми маълумотҳо оид ба шаҳри Теҳрон дар як нуқта мутамарказ шуда, ба таври онлайн ҷамъоварӣ ва мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода мешавад.

Дар асоси маълумоти пешниҳодшуда ниҳодҳои ваколатдор ҷиҳати қабули қарорҳои миёнамуҳлату дарозмуддат, аз ҷумла, дар масъалаҳои бӯҳронӣ, тасмим мегиранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram