9 январ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Понғози Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт қароргоҳи сӯхторхомӯшкунӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Қароргоҳи мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ ва тариқи ҳашар сохта шудааст.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, 144 метри мураббаъ масоҳат дорад ва бо харҷи 900 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Дар қароргоҳ, ки бо мақсади пешгирии ҳолатҳои нохуш ташкил шуд, 10 нафар мутахассисон кор мекунанд.
Барои қароргоҳи сӯхторхомӯшкунӣ инчунин ба маблағи 190 ҳазор сомонӣ нақлиёти махсус ва дигар таҷҳизот харидорӣ шудааст.
Раиси вилоят саҳми соҳибкорони бунёдкори ноҳияҳро дар ободонии маҳал ва бунёди иншооти барои ҷомеа зарурӣ назаррас арзёбӣ карда, барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод.