РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия ҳамоиш доир гардид

Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд.

Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Парвиз Муҳаммадзода изҳор намуд, ки ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат ба коррупсия дар мамлакат, ба монанди муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткорӣ аз иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Таъкид гардид, ки кормандони Агентӣ баҳри амалишавии сиёсати дурандешона ва оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷаи давлатӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ мубориза бурда, ба натиҷа ва дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Алихон Розиқзода доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта ибрози назар намуда, даъват ба амал овард, ки дар самти решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб бетараф набошем.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи талаботи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияташон таҳия ва мавриди татбиқ қарор дода шаванд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати кормандон дар масоили муқовимат ба коррупсия ва бартараф намудани сабабу шароити ба он мусоидаткунанда бояд дар тамоми вазорату муассисаҳои давлатӣ корҳои судманди тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ пурзӯр гардонида шаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram