РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фиданро ба ҳузур пазируфтанд

10 январи соли 2024 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фиданро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот аз раванди кунунии рушди робитаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддати дуҷонибаро ҷавобгӯи манфиатҳои давлатҳо арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ таҳкими бештари ҳамкориро дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн,  махсусан иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарур  шуморида, ҷонибдории худро ҷиҳати фаъолтар намудани ин раванд иброз доштанд.

Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат ва сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду давлат номида шуд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти муназзами Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молҳои истеҳсолии ду давлат метавонад василаи барҷастаи пешбурди ҳамкории дуҷониба бошад.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.

Баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ дар қаламрави ҳамдигар, аз ҷумлаи тадбирҳое номида шуд, ки ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ мусоидати ҷиддӣ менамоянд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ва Фаластин андешаронӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram