15 январи соли 2024 вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон Фуад Нагиев баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии равобити дуҷонибаро дар соҳаи сайёҳӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии хешро дар таҳким ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба иброз дошта, қайд намуданд, ки баҳри рушди минбаъдаи он тадбирҳои мушаххас меандешанд.