РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дастури библиографии “Ҳақназар Ғоиб: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” рӯнамоӣ шуд

18-уми январи соли равон бо ташаббуси шуъбаи библиографияи миллии   Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистонрӯнамоиидастури библиографии “Ҳақназар Ғоиб: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” доир гардид. Дар ин ҳамоиш олимону шоирон, намояндагони ВАО ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд. Дар ин бора аз Китобхонаи миллӣ хабар доданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори Муассисаи давлатии  Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода оғоз гардид. Директори Китобхонаи миллӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки таҳқиқу баррасӣ ва таҳияи дастурҳои библиографӣ, китобҳои шарҳиҳолӣ ва дигар нашрияҳои маълумотдиҳанда вобаста ба шахсиятҳои маъруф ва машҳури ҷомеаи кишвар аз зумраи вазифаҳои Китобхонаи миллӣ дониста шуда, рушди он пайваста аз ҳадафҳои асосии мо ба шумор меравад. Ҳақназар Ғоиб аз зумраи шоирони номвар ва баркамоли шеъру адабиёти имрӯзаи тоҷик буда, бо ашъори мондагор ва баландмазмуни худ дар шеъри муосири тоҷик, мавқеи намоёнро соҳиб аст. Бешак устод аз саромадони шоирони ватанситои тоҷик аст. Муҳтавои меҳварии ашъори ӯро Ватан, Тоҷикистон, ҳар зарраи хоки ин кишвари биҳиштосо ва муқаддасоти миллӣ ташкил медиҳанд.

Ҷумахон Файзализода

Дар заминаи гуфтаҳои боло Китобхонаи миллӣ низ бо назардошти заҳматҳои бисёрсолаи Ҳақназар Ғоиб дар шеъру адабиёти тоҷик ва умуман кору пайкори ӯ барои ватану миллат, тасмим гирифт дастури библиографии ӯро таҳия ва чоп намояд то ин ки осори арзишманди ӯ барои таҳқиқу пажӯҳиши муҳаққиқон дастрас гардад.

Низом Қосим

Дар маҳфил Раиси Иттифоиқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим суханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки шахсияти Ҳақназар Ғоиб арзандаи беҳтарин корҳост ва бевосита чопи ин дастур низ шоистаи таҳсин аст. Бо дастгирии Ҳақназар Ғоиб садҳо ҷавонони навроҳ рӯи кор омадаанд ва имрӯз ба адабиёт ва фарҳангӣ миллат хидмат мекунанд.

Шоир ва нависанда Ато Мирхоҷа низ дар робита ба дастури ба табъ расида изҳори назар намуда, таъкид намуд, ки таҳияи чунин дастурҳо ва китобномаҳои шарҳиҳолӣ бисёр зарурист, чун бисёр мақолаҳои хуб ва навиштаҳои ба гӯшаи фаромӯширафтаро метавон аз ин ҷо пайдо намуд. Ин махсусан барои онҳое, ки дар роҳи илм қадамҳои аввали худро мегузоранд, раҳнамои хубест.

Абдулҳамид Самад

Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон зимни суханронии худ гуфт, ки Ҳақназар Ғоиб ва осори ӯ ҳазорсолаҳо барои миллати тоҷик, барои адабиёт ва барои дӯстдорони шеър хидмат мекунад. Ҳақназар ва сабки навишти ӯ хос аст, ҳамин аст ки агар сад нафар бо имзои ӯ нависад ҳам, шеъри ӯ фарқкунанда аст. Дар идома Абдулҳамид Самад таъкид намуд, ки таҳияи дастури библиографии “Ҳақназар Ғоиб: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” воқеан айни муддаост, чун дар пайдо намудани осори ин нависандаи баркамол минбаъд ягон мушкили нахоҳад буд.

Муҳаммад Ғоиб

Дар тақвияти ин суханҳо Муҳаммад Ғоиб – Шоири халқии Тоҷикистон изҳори назар намуда, аз нашр ва рӯнамоии китобнома изҳори хушнудӣ намуд. Муҳамммад Ғоиб дар такя ба тарҷумаҳои устод Ҳақназар  Ғоиб гуфт, ки ҳатто бисёри онҳо барои ман дастрас набуд ва ҳатто намедонистам, ки чунин ганҷинаҳо дорем.

Салими Хатлонӣ – шоир ва мутарҷими тоҷик, ки дар маҳфил ширкат дошт, вобаста ба фаъолияти пурсамари Ҳақназар Ғоиб, ки аз шоирӣ то тарҷумонӣ бисёр муваффақ ҳаст, суханронӣ кард. Ӯ аз хидматҳои шоёни Ҳақназар Ғоибро ёдовар шуда, гуфт, ки воқеан шоистаи таҳсин, дастгирӣ ва муборакбодист.

Дар қисмати дигари нишаст ширкаткунандагон назару андешаҳои худро дар робита ба дастури “Ҳақназар Ғоиб: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” иброз намуданд.

Дар поёни нишаст Ҳақназар Ғоиб бо изҳори ташаккур аз роҳбарияти Китобхонаи миллӣ барои таҳия ва чопи ин китобнома иброз дошт, ки ҷойи хушист, ки ин муассисаи маъруф ба нашри чунин дастурҳои библиографӣ машғул аст. Умедворем, ки дастури мазкур барои муҳаққиқон, пажӯҳишгарон бахусус дӯстдорони шеъри ноби тоҷикӣ ва доираи васеи истифодабарандагон ҳамчун сарчашмаи муътамади маълумотӣ хидмат хоҳад кард.

Ҳақназар Ғоиб

Бояд зикр кард, ки устод Ҳақназар Ғоиб муаллифи зиёда аз 30 асар, аз ҷумла достонҳои «Эҳёнома», «Сурӯши Хатлон», «Сояҳои офтобрӯз» ва ғайра мебошад. Ҳамзамон маҷмуаҳои «Тӯшаи роҳ», «Рамзи ҳаёт», «Нигоҳи гарм», «Зинароҳ», «Атри гиёҳ», «Тоҷи Офтоб», «Чашми саҳар», «Дорожный провиант», «Барги сабзи ишқ», «Дардномае ба миллат», «Таронаҳои моҳтобӣ», «Аз қафои шишаи борон», «Хаймаи нур», «Зинда бо гудозишҳо», «Сарнавишт”, «Ашки Офтоб», «Нафас то бар нафас овози вақт аст», «Қиссаи аспи хатлӣ», «Навҳаи Фирдавсӣ бар марги Рустам», «Муқаддаснома», «Дар бистари нарми гул», «Муждаҳои ориёнӣ» маҳсули қалами ӯ буда, ашъораш хеле зиёд ба оҳанг дароварда шудаву аз ҷониби беҳтарин ҳунармандон суруда шудаанд.

Дастури рўнамоишуда натиҷаи заҳмати кормандони Китобхонаи миллӣ буда, он аз ду қисм иборат аст. Қисми аввал “Ҳақназар Ғоиб дар эҷодиёти адибону адабиётшиносон” унвон дошта, андешаҳои адибон роҷеъ ба рӯзгор ва осори ӯ гирдоварӣ шудааст. Қисми дувум аз “Китобномаи шарҳиҳолӣ”, “Асарҳои Ҳақназар Ғоиб”, “Адабиёт доир ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Ҳақназар Ғоиб” ва “Кумакфеҳрист” иборат мебошад.

Ҳақназар Ғоиб

Ба ибораи дигар адибон дар пайдоиш, шаклгирӣ ва рушду инкишофи тамаддуни ҳар як миллат бо эъҷози қаламу қоғаз ва бузургии сухану каломи мавзун ҷойгоҳ ва нақши созгор доранд. Ҳар байту ҳар шеър бахше аз таърих ва фарҳангу тамаддуни халқ буда, меҳвари асосии тасвири афкори халқу миллат мебошад.

Ҳақназар Ғоиб

Маҳз хотири ин адибон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ ва эҳтирому икроми зимомдорони вақт буданду ҳастанд ва ҷойгоҳ ва мақоми онҳо имрўзҳо даҳчанду садчанд боло рафта, мавриди эътимоду эҳтиром ва таваҷҷуҳи махсуси ҳукумати мамлакат, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Пешвои миллат ҳамеша ва дар ҳама мулоқоту суҳбатҳояшон эътимоду боварии худ ва ҳукумати кишварро нисбат ба аҳли адаб ва илму фарҳанг иброз намуда, таъсир ва нуфузи онҳоро дар ҷомеа муҳим мешуморад.

Умедворем, ки дастури болозикр мазкур барои муҳаққиқони осори Ҳақназар Ғоиб, пажӯҳишгарони ашъори ӯ ва бахусус дӯстдорони шеъру адаб ва доираи васеи истифодабара

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram