РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бо мақсади омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон дар Маркази миллии тестӣ ҳамоиш баргузор шуд

23-юми январи соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳнамои довталаб»-и Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дафтари асосӣ ва бахшҳои минтақавӣ (ба таври онлайнӣ), инчунин намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир гардид. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳи нуктаҳои асосии он маърузаҳо ироа гардид.

Нахуст Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, директори Марказ, дар бораи нуктаҳои муҳими Паём ибрози назар кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса намуда, рушди соҳаи мазкурро асоси рушди дигар соҳаҳо хонданд. Ҳамчунин, яке аз нуктаҳои асосӣ дар Паёми солонаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” рушди сармояи инсонӣ ба шумор мерафт, ки онро Пешвои миллат омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия ва фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ хонда, рушд ва самаранокии сармояи инсониро барои давлату Ҳукумат муҳим ва аввалиндараҷа арзёбӣ намуданд.

Дар идома Абдурасул Гадоев, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар алоқа бо Паёми Роҳбари давлат изҳори андеша намуда, нуктаҳои муҳимтаринашро шарҳу тавзеҳ дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram