РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДМТ: Ихтисосҳои факултети тиббии Донишгоҳ ба феҳристи ихтисосҳои Созмони байналмилалии тандурустӣ ворид гардиданд

“Соли 2023 Донишгоҳ дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби 12  ҷой, аз  ҷумла 3  ҷойи 1-ум, 7  ҷойи 2-юм, 1  ҷойи 3-юм ва ниҳоят муҳимтар аз ҳама Шукрона Тоҳирӣ-дониш ҷўи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ соҳиби Шоҳ ҷоиза гардида, ҳайати Донишгоҳ дар сатҳи  ҷумҳурӣ аз ҳисоби ба даст овардони  ҷойҳои ифтихорӣ сазовори  ҷойи аввал гардиданд. Ифтихори дигар ин аст, ки дар озмуни «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ҳайати омўзгорон ва дониш ҷўёни Донишгоҳ ширкати фаъол намуда, Шоҳ ҷоизаи озмуни мазкур насиби донишҷӯи курси 4-уми факултаи таърих Давлатзода Шоира гардид, ки ин ду комёбиро метавон муҳимтарин дастовард дар таърихи соҳибитиқлолии кишвар барои Донишгоҳ номид”.-қайд карданд ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода зимни баргузории нишасти матбуотии ниҳоди мазкур.
Дастоварди дигари Донишгоҳ дар он тазаккур ёфт, ки аввалин маротиба дар таърихи фаъолияти Донишгоҳ ихтисосҳои факултети тиббии Донишгоҳ ба феҳрасти ихтисосҳои Созмони байналмилалии тандурустӣ ворид гардидаанд, ки ин дастоварди муҳимми таълимӣ аз нати ҷаи Аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ мебошад.
Ҳамчунин, вобаста ба и ҷрои Нақшаи чорабиниҳои “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040” қайд карда шуд, ки бо мақсади татбиқи нати ҷаҳои илм дар истеҳсолот ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои илмию таҳқиқотии омўзгорону кормандон ва дониш ҷўёну унвон ҷўён соли  ҷорӣ дар факултетҳои Донишгоҳ дар ма ҷмуъ 27 адад лаборатория, марказҳои илмӣ-озмоишӣ ва клиникаҳо таъсис дода шуд.

Дар идомаи нишасти мазкур хабар дода шуд, ки соли 2023 дар Донишгоҳ 60 номгўи ибтикороти хоси тарбиявӣ роҳандозӣ карда шуд, ки ба баланд гаштани сатҳу сифати фаъолияти тарбиявии Донишгоҳ сабаб гардид. “Шумораи умумии чорабиниҳои баргузоргардида дар соли  ҷорӣ зиёда аз 1650 номгўро ташкил медиҳад, ки ин теъдод дар муқоиса ба соли 2022 мутаносибан 850 номгў зиёд мебошад. Ба ин шумора 25 номгўи чорабиниҳои байналмилалӣ, 275 номгў  ҷумҳуриявӣ, зиёда аз 220 номгў шаҳрӣ, бештар аз 150 номгў ноҳиявӣ ва зиёда аз 980 номгў ба чорабиниҳои сатҳи факултетитиву донишгоҳӣ шомил мешаванд”.-қайд гаштааст дар варақаи иттилоотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

БАХТИЁР Раҳмониён, Радиои Фарҳанг

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram