Раиси Шурои уламои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 27 январ дар шаҳри Москва бо шаҳрвандони тоҷики муқими ин шаҳр, ки ба таълим ва муҳоҷирати меҳнатӣ машғул ҳастанд, мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Шурои уламои Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода сараввал бо мисол овардани чандин намунаи меъёрҳои шаръӣ дар робита ба аҳамияти омӯзиши илм донишҷўёнро ба таҳсили ҷиддии илму дониш даъват намуд. Таъкид гардид, ки пешрафту тараққиёти ояндаи кишвар аз сатҳи таҳсил ва донишҳои андӯхтаи онҳо вобастагӣ дорад.
Аз ин хотир, Раиси Шӯрои уламо аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо дарки саривақтии дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намунаи ибрат ба дигар ҷавонони кишвар, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ дар роҳи андӯхтани илм дастгиру мададрасон бошанд.