РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазорати маориф ва илм. Татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва вазъи таълиму тарбия баррасӣ шуд

8 феврали соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи онлайнӣ оид ба роҳҳои татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, муовинони соҳавии раисони тамоми шаҳру ноҳияҳо, мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, 3991 нафар директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 717 нафар мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Нахуст вазири маориф ва илм зимни сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, сол то сол маблағгузорӣ ба соҳа афзоиш меёбад, ки он барои рушди мунтазам шароити мусоид фароҳам меорад. Дар баробари ин, татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои Миллат аз мо – аҳли маорифи кишвар масъулияти бештарро талаб менамояд.

Сипас Раҳим Саидзода оиди вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва дастоварду мушкилотҳои ҷойдошта дар соҳаи маориф ва илм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бартараф намудани мушкилотҳо омили таъсиррасон дар рушди босуботи соҳаи маориф мебошад.

Дар ҷаласа масъалаҳои зиёде, аз ҷумла фарогирии бештари кӯдакон ба кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдак, интизоми меҳнат ва давомоти хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалб ва дастгирии омӯзгорони ҷавон, гузариши хонандагони синфҳои 9-и муассисаҳои таълимӣ ба синфи 10, пурра бартараф намудани норасоии кадрӣ, назорати муассисаҳои таълимӣ дар самти таълиму тарбия, сохтмон ва таъмиру азнавсозии онҳо аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст, пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, наовардани китобҳои дарсӣ ва маводҳои хониш, риояи сару либоси тавсиявӣ, азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагон, дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, зиёд намудани иштирокчиёни озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, таъмини шаффофият дар онҳо ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассиаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар охир, вазири маориф ва илм бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳо ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, назорати ҳатмии давомоти хонандагон ва интизоми меҳнат дар муассисаҳои соҳаи маориф дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram