11 феврали соли 2024 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини якуми раиси Агентии давлатии авиатсияи граждании Арабистони Саудӣ Алӣ Раҷаб дидор анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд.