РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб аксияи таблиғотӣ доир шуд

14 феврал дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб чорабинӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Нахуст, ректори ДДТТ, профессор Машраб Файзулло иштирокдорони чорабиниро бо ин сана табрик гуфта, ба мудири китобхона Вера Кухаренко китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро туҳфа кард. Ҳамзамон, Машраб Файзулло пешниҳод кард, ки дар китобхона барои омӯзгорону донишҷӯён як силсила семинарҳо баргузор карда шавад, то бо мазмун ва арзиши таърихии ин китоб ошно шаванд.

Сипас, намояндаи Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия Игор Бурулко аз китобхонаи РТСУ дидан намуд. Ӯ ба унвони тӯҳфа аз Сафорати Русия ҳудуди 100 адад китоби классикони рус ва адабиёти бачагонаи русро барои табодули дӯстонаи китоб ва истифода аз хонандагони китобхона, ки дар Рӯзи ҳадяи китоб пешбинӣ шуда буд, ба китобхона туҳфа кард.

Мудири китобхона ба унвони миннатдорӣ ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев китоби афоризмҳо ва гуфтаҳои классикони Шарқ, аз ҷумла классикони форс-тоҷикро ҳадя кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram