РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кӯлоб: «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ба коҳишёбии сатҳи ҷинояткорӣ мусоидат менамояд

Дар доираи иҷроиши босифати дастурҳои роҳбарияти олии кишвар ва бо назардошти аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ҳамчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» силсилавохвохӯриҳои роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоят оғоз ва мулоқоти нахустини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо фаъолону сокинон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Дар ин бора аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар чорабинӣ фаъолон, раисони ҷамоатҳо ва шаҳраку деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, директорони муаасисаҳои таълимӣ, роҳбарони бозорҳо ва марказҳои хизматрасонии ҷамъиятӣ, пирони рӯзгордида, масъулини мақомоти дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон масъули шаҳри Кӯлоб ва минтақа, намояндагони сохторҳои кор бо ҷавонону занон ва дини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ҳадафи асосии вохӯрӣ ин таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа буда, ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ миёни ҷавонон ва дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ муайян ва рафъи сабабу шароитҳои ба шомилшавии ҷавонони шаҳри Кӯлоб ба ифротгароӣ мусоидаткунанда нигаронида шудааст.

Дар оғози мулоқот сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо маърузаи таҳлилӣ, истифода аз имкониятҳои техникӣ ва тасвир-слайдҳо суханронӣ намуда, нахуст аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалишавии як қатор лоиҳаҳои бузурги инвеститсионӣ дар соҳаҳои инфрасохтори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маорифу тандурустии шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон такони ҷиддӣ хоҳад дод.

Сипас Шариф Назарзода доир ба тақвият бахшидани чорабиниҳои ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати коҳиш додани вазъи нигаронкунандаи ҷинояткорӣ миёни сокинон, пешгирӣ аз шиддати шомилшавии ҷавонон ба ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ, бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ба Ватан баргардонидани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯи расмӣ қарордоштаи аъзоёну пайравон ва тарафдорони ташкилотҳои ифротӣ (тибқи талаботи қонунгузорӣ агар бо хоҳиши худ ба Ватан баргарданд ва дар кирдорашон дигар ҷиноят набошад аз ҷавобгарӣ озод мешаванд) ки вазъи содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар шаҳри Кӯлоб нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар афзоиш аст, бо овардани факту далелҳои оморӣ ҳарф зад.

Дар вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Кӯлоб ҳамзамон дар хусуси нақшаи даъват ва сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, омўхтани мактаби далериву мардонагӣ, хизмат ба Ватан-Модар ва шароитҳои таъминотии муҳайёгардида дар қисмҳои низомию ҳарбӣ суханронӣ сурат гирифт.

Дар рафти мулоқот доир ба ҳадафҳои дигари вохӯрӣ, аз ҷумла ташкили фазои ҳамдигарфаҳмии дуҷониба байни милитсия ба ҷомеа, баррасии фаврии арзу дархост ва пешниҳоду муроҷиатҳои шаҳрвандон, тарбияи ҳуқуқии ҷавонону наврасон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои милливу твърихӣ, бартараф намудани камбудиҳо дар маҳал, нигоҳдошти солимии ҷомеа ибрози назар карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram