РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориҳоро дар самти ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ тақвият медиҳанд

13 феврали соли 2024 дар ҳошияи 14-умин Конфронси тарафҳои Конвенсия оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии муҳоҷираткунанда вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи вохӯрии мазкур масъалҳои татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳифзи муҳити зист ва оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ, ҳамкорӣ дар самти парвариши саршумори уриалҳо ва дигар ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон дар мамнӯъгоҳи давлатӣ ва дигар минтақаҳои, ва баргузор намудани чорабиниҳои муштарак вобаста ба таҳкими дониши мутахассисон дар идоракунии ҳудудҳои муҳофтзатшаванда ва як қатор дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд.

Вохӯрии мазкур дар фазои якдигарфаҳмӣ анҷом ёфта, раиси Кумита Шерализода Баҳодур муҳтарам Азиз Абдуҳакимовро ба Конфронси байналмилалии “Об барои рушди устувор”, ки баргузории он моҳи июни соли 2024 дар шаҳри Душабе ба нақша гирифта шудааст, даъват намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram