РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр. “Паём – роҳнамои миллат”

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва оммавии ҳайати проессорону омӯзгорони Донишгоҳро таҳти унвони “Паём – роҳнамои миллат”, ки дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2023 омода шудааст, чоп кард. Дар ин бора аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд.

Маҷмӯаи мазкур таҳти назари доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор У.С. Асрорзода ва доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Н.А. Қудратов дар ҳаҷми 195 саҳифа омода гардидааст. Мақолаҳои пешниҳодшуда фарогири мавзуъҳои сармояи инсонӣ – омили муҳими таъмини рушди устувори кишвар, таъмини амнияти миллӣ, рақамикунонии иқтисод ва танзими ҳуқуқии он, таҳдид ва хатарҳои ҷиноятҳои киберӣ дар замони муосир, иқтисоди сабз, рушди соҳаи сайёҳӣ, донистани забонҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, рушди маориф, ҷавонон ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» масъалагузорӣ шуданд, мебошанд.

Маҷмӯаи мазкур барои анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ, хонишҳои сиёсӣ, шиносоӣ пайдо намудан бо самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram