РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург баъди навсозӣ расман ифтитоҳ шуд

Дар қароргоҳи расмии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Намояндагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид. Дар ин бора аз Намояндагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) хабар доданд.

Намояндагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар қасри Таврийи шаҳри Санкт-Петербург  бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода пурра таъмиру навсозӣ ва таҷдид гардид.

Маросими расмии ифтитоҳи намояндагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагону меҳмонон аз Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Дмитрий Кобитский, Котиби масъули Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Сергей Поспелов, намояндагони ваколатдори давлатҳои аъзо ва намояндагони васеи воситаҳои ахбори оммаи Федератсияи Русия баргузор шуд.

Намояндагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ гардида, меҳмонон аз фазо ва меъмории хоси он изҳори хушнудӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми ташкилоти бонуфузи байналмилалию минтақавӣ соҳиби овози комили худ гардидааст ва дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавиву ҷаҳонӣ саҳми босазо мегузорад. Бо бовариву қатъияти комил метавон  гуфт, ки муовини Котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Абдухалил Ғафурзода рисолати навбатии масъулиятнокро пурра адо намуда, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи арзишҳои давлатӣ ва татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram