РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

“Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо ҶДММ “Триикс Медиа” силсилафилм ба навор мегирад

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” мутобиқи Оиннома ҳамкориҳоро дар соҳаи филмофарӣ бо ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, ҷиҳати таҳкими робитаю ҳамкориҳо бо синамогарони хориҷи дурру наздик филмҳои муштаракро рӯйи навор меорад. Дар асоси Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 бо мақсади рушду таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи синамо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо ҶДММ “Триикс Медиа”- и Федератсияи Россия қисмате аз саҳнаҳои силсилафилми ҳунарии “ВАО-и нави Россия”-ро, ки аз фаъолияту корнамоиҳои хабарнигорону рӯзноманигорон қисса мекунад, аз 5-ум то 13-уми феврали соли 2024 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон наворбардорӣ намуд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар доданд.

Саҳнаҳои филм асосан дар ҳудуди шаҳри Душанбе, аз ҷумла, фурудгоҳи байналмилалӣ, Китобхонаи миллӣ, меҳмонхонаи “Хаят реҷенсӣ”, бозори Меҳргон, чойхонаи “Роҳат”, қалъаи Хисор, осоишгоҳи Хоҷа оби гарм наворбардорӣ карда шуданд.

Дар раванди филмбардорӣ ҳунарпешаҳо, нақшофарон ва муҳассилин макотиби олии кишвар ҷалб гардида, нақшҳои лаҳзавию умумӣ офариданд.

Хотирнишон менамоем, ин дуюмин лоиҳаи синамоӣ мебошад, ки Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо ҶДММ “Триикс Медиа”-и Федератсияи Россия рӯйи навор меоварад.

Соли 2023 як қисми силсилафилми ҳунарии “Комитет”, ки доир ба рӯзгору фаъолияти кормандони мақомоти амният қисса мекард, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҶДММ “Триикс Медиа”-и Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” наворбардорӣ гардида тавассути шабакаи телевизионии “НТВ”-Россия намоиш дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram