РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Теҳрон Шоми муштараки фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд

Имрӯз дар доираи баргузории «Шоми муштараки фарҳангии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон» дар шаҳри Теҳрон мулоқоти муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф бо муовини якуми вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон доктор Доробӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба ҳамкории мутақобилаи судманди ду кишвари дӯст ибрози назар намуда, баҳри таҳким бахшидани бештари ҳамкориҳо дар бахши фарҳанг пешниҳодхои муфид ироа карданд.

Ҳамзамон, дар мулоқот ба нақши муҳим ва иқдомоти амалии роҳбарони олии ҳар ду кишвар дар рушд ва густариши робитаҳои ҳасанаи дуҷониба таъкид карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram