РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Масъалаи барқарор намудани парвозҳо дар хатсайри Боку-Душанбе баррасӣ шуд

20 феврали соли 2024 дар ш. Боку вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо иҷрокунандаи вазифаи президенти ҶСП “Azerbaijan Airlines” Самир Рзаев баргузор гашт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ, аз ҷумла барқарор намудани парвозҳо дар хатсайри Боку-Душанбе-Боку баррасӣ гаштанд. Ҷонибҳо иқдомҳои минбаъадаро оид ба рушди ҳамкориҳо дар самти мазкур мушаххас намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram