РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷики Федератсияи Россия вохӯрӣ кард

20 феврали соли 2024 мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад бо ҷавонон ва донишҷӯёни дар Федератсияи Россия таҳсил дошта баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар аввал раиси Кумита аз дастовардҳои даврони истиқлолият, аз дастгириҳо ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон, ҷиҳати донишомӯзии онҳо, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷӯҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, хусусан ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсил дошта гуфта гузаштанд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки имрӯз барои рушди ҷавонон, бархурди онҳо аз илмҳои муосир ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи кишвар тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Баъдан, раиси Кумита вобаста ба дӯст доштани Ватан, муаррифии сазовори фарҳанги куҳан, ҳифзи манфиатҳои миллӣ суханронӣ намуда бо ҷавонон ва донишҷӯён суҳбати озод намуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар Федератсияи Россия зиёда аз 28 ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсил намуда истодаанд, ки роҳбарияти Кумита бо онҳо мунтаззам мулоқоту вохӯриҳо баргузор менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram