РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиш доир гардид

21 феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 31-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Донишгоҳ, намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони кафедраи ҳарбии назди донишгоҳ, инчунин омӯзгорону собиқадорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ, ректори донишгоҳ муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор бо сухани ифтитоҳӣ чорабинии ҷашниро ба ифтихори 31-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорон ва омӯзгорону донишҷӯёнро ба ин санаи фархунда аз номи раёсати донишгоҳ табрику таҳният намуд.

Ректори донишгоҳ Асрорзода Убайдулло Саттор бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намуданд, ки имрӯз дар кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳ мутахассисони соҳибкасби соҳаи ҳарбӣ омода гардида, барои дифои марзу бум ва сулҳу оромиши кишвари азизамон Тоҷикистон сафарбар мегарданд. Зеро, суботу пойдории амнияту оромӣ ва осудагии кишвари маҳбубамон ба нерӯи Артиши миллӣ ва ғайрати ҷавонони ҳимоятгари марзу буми кишвар вобастагии зиёд дорад.

Сипас, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарияти донишгоҳ ва иштирокдорони чорабинии мазкур қироат намуд. Намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш изҳори боварӣ намуд, ки кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки бо мутахассисони баландихтисоси соҳаи мудофиавии кишвар таъмин гардидааст, дар раванди омода кардани афсарони шуҷои ватан аз ҳисоби ҷавонони боғайрату донишманд саҳми арзишманди худро дар таҳкими соҳаи мудофиавии кишвар мегузорад.

Дар фазои тантанавӣ бо қироати фармоиши Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ректори донишгоҳ муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ дотсент Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович ва муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ дотсент Қаландарзода Гулру Сафар бо «Сипоснома»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд сарфароз гардонида шуданд.

Бо ибтикори раёсати донишгоҳ бахшида ба 31-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони кафедраи ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, профессорон ва беш аз 50 нафар омӯзгорону кормандони маъмурӣ-хоҷагидории донишгоҳ, ки фаъолияти назаррасӣ меҳнатӣ доранд, бо «Сипоснома» ва маблағҳои ҳавасмадӣ қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин, дар ин рӯзи Ид 16 нафар донишҷӯёни ятими кулл ва 3 нафар маъюбон, ки пайваста зери ғамхории Пешвои муаззами миллат қарор доранд, бо сару либоси мавсимӣ ва пойафзол аз ҷониби раёсати Донишгоҳ таъмин карда шуданд.

Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши фарҳанги донишгоҳ бо пешниҳоди суруду таронаҳои тараннумгари сулҳу дӯстӣ табъии ҳозиринро болида гардониданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram