Дирӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар даври сеюми озмуни ҳарбӣ — варзишӣ «Ватанпарвар» ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар чорабинии мазкур Абдусаломзода Анзурат муовини раиси вилояти Хатлон, Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рамазон Насриддинзода Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, Сафарзода Ғазалшо Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон иштирок доштанд. Нахуст, муовини раиси вилояти Хатлон суханронӣ намуда, ҳозиринро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба муносибати 31 — умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард.
Озмуни мазкур аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ҳамкори бо Раёсати маорифи вилояти Хатлон миёни Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор карда шуд. Озмун аз се давр иборат буда, даври сеюми он ҷамбаст гардид.
Дар даври ҷамбастии озмуни ҳарбӣ варзишӣ «Ватанпарвар» беш аз 17 даста аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон иштирок доштанд, ки ҳар яке тибқи талаботи озмун ҳунару маҳорати худро нишон доданд.
Дар охир аз ҷониби аъзои ҳакамон дастаҳои ғолиб муайян карда шуда, ба беҳтаринҳо сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва Раёсати маорифи вилояти Хатлон тақдим карда шуд.