Дар арафаи Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори рӯзномаи вилоятии “Хатлон” дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят китоби наве бо номи «Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан» ба чоп расид. Дар ин бора аз рӯзномаи вилоятии “Хатлон” хабар доданд.
Маҷмӯаи мазкур беҳтарин маводҳои озмуни эҷодии «Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан», ки аз ҷониби идораи рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо мақсади гиромидошти хизматҳои мондагор ва тарғиби сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, инчунин мақолаҳое, ки ба Артиши миллӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бахшида шудаанд, гирд оварда шудаанд.
Дар муқаддимаи китоб омадааст, ки бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” идораи рӯзномаи “Хатлон” якҷоя бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон чанде пеш озмуни муштараки эҷодиро миёни ҷавонони вилоят таҳти унвони «Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан»-ро доир намуданд. Беҳтарин маводҳои довталабон ва ғолибони озмун дар шакли маҷмӯа гирд оварда шуд.
Фасли дувуми китоби «Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан» ба масъалаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон бахшида шуда, корномаи сарбозони сарбаланди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки такягоҳи боэътимоди давлат, неруи пуриқтидор ва кафили устувории фазои амну суботи сарзамин мебошанд, бозтоб медиҳад”, — навиштаанд муҳаррирони маҷмӯа Н. Маъмурзода ва Р. Нас-риддинзода.
Китоби «Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан», ки аз 180 саҳифа иборат буда, бо сифати баланд дар нашриёти шаҳри Душанбе ба табъ расидааст, ба оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.