РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии “Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ” баргузор мегардад

Имрӯз дар МД “Боғи Ирам” бо иштироки роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП470 ҷиҳати омодагӣ ба баргузории Фестивали байналмилалии “Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ” ҷаласаи Кумитаи тадорукотӣ баргузор гадид. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Дар кори ҷаласа, роҳбарият ва масъулини вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Аз ҷониби Раиси Кумитаи тадорукотӣ бо мақсади ба роҳ мондани корзои омодагӣ ба масъулин оид ба оростани гушаҳои наврӯзӣ ва муаррифии анъана ва оинҳои наврӯзӣ бахусус оростани дастархони наврӯзӣ бо хӯрокҳои миллӣ ва ҳафсину ҳафшин, ташкили бозиҳои аёми наврӯзӣ, намоиши маснуоти оҳангарӣ, мисгарӣ, ҳунарҳои ороиши аз санг, кандакорӣ ва дигар ҳунарҳои дастии ифодагари анъана ва оинҳои миллӣ вазифагузорӣ карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram