РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар иҷлосия масъалаҳо дар бораи узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният интихоб намудани Б. Аюбӣ,  Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон дар доираи Барномаи волонтёрони Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JOСV), Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар муқовимат ба коррупсия ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳон бо мақсадҳои осоишта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид шуд, ки Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар муқовимат ба коррупсия, ки 14 октябри    соли 2022 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Созишнома аз дебоча, V фасл ва 33 модда иборат буда, бо мақсади боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти муқовимат ба коррупсия, ҳамзамон паст намудани сатҳи коррупсия бо истифода аз имконияти замонавӣ, бо ёрии ҳамдигарии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ ба имзо расидааст.

Дар фасли I, ки моддаҳои  1-7-ро фаро мегирад, мақсади Созишнома, истилоҳоти асосии дар он истифодашуда, вазифаҳои ҳамкорӣ, самтҳо ва шаклҳои асосии ҳамкорӣ, инчунин мақомоти салоҳиятдор, мақоми ҳуҷҷатҳо ва ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ва шахсоне, ки дар мубориза бо коррупсия мусоидат менамоянд, пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи фасли II, ки дар он моддаҳои 8-14 пебинӣ  шудаанд, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия, мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ, ваколатҳои мақомоти салоҳиятдор, аз ҷумла талабот нисбат ба шахсони мансабдор, гирифтани маълумот, мусодираи даромад аз коррупсия ва ҷиноятҳои коррупсионӣ инъикос гардидаанд.

Усулҳои ҳамкории мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо, ҳамкории иттилоотӣ, дархост барои мусоидат ва иҷрои онро моддаҳои 15-18 дар бар гирифта, инчунин истифодаи натиҷаҳои иҷрои дархост, рад намудани иҷрои дархост ва махфӣ будани маълумот дар моддаҳои 19-21 фасли III танзим шудааст.

Дар фасли IV (моддаҳои 22-24) тадбирҳои таъмини мусодира, ҳамзамон иҷрои қарор дар бораи мусодира ва ихтиёрдории молу мулки мусодирашуда ифода ёфтаанд.

Тибқи муқаррароти фасли V (моддаҳои 25-33)-и Созишномаи номбурда машварат ва маҷлисҳо, истифодаи забони корӣ, хароҷот вобаста ба иҷрои муқаррароти ҳамин Созишнома, инчунин муносибат бо дигар шартномаҳои байналмилалӣ, ҳалли баҳсҳо ҳангоми татбиқ ё тафсири ин созишнома, ворид намудани тағйирот, ҳамроҳшавӣ ва муҳлати эътибори он муайян шудааст.

Созишномаҳо дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони мардумӣ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода,  муовини аввали Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Барот Расулӣ, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова, вакилони мардумӣ  Мунаввар Абдусаломзода,  Бахтиёр Аҳмадзода ва  Толибхон Азимзода муаррифӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram