Шуруъ аз 1 март то 31 май дар саросари ҷумҳурӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» амалӣ мешавад. Дар ин хусус аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бояд гуфт, ки ин иқдом ҳамасола аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он муаррифии либоси миллӣ мебошад, зеро оламиён миллати тоҷикро бо фарҳанги хоси шарқиёна мешиносанду эҳтиром менамоянд.
Либоси тавсиявӣ-миллӣ барои ҳар шаҳрванд ба хотири имрӯзу фардои миллат ва пос доштану эҳтиром намудани рукну рамзҳои миллӣ муҳим ва масъулиятнок маҳсуб мешавад.
Пӯшидани либоси миллӣ шиддати воридшавии либосҳо ва фарҳанги бегонаро ба мамлакат паст менамояд. Волидайн ва тамоми ниҳодҳое, ки ба ин масъала вобаста мебошанд, дар ҳамбастагӣ амал намуда, метавонанд дар шароити ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллӣ ва нуфузи Тоҷикистонро ҳифз намоянд.